ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
22-юми ноябр, дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона тантана кард.
Қабл аз чорабинӣ аз ду тарафи кӯчаи марказӣ то майдони Парчам, бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва тамоми кормандони ташкилоту корхонаҳо дар даст шиору парчамҳо роҳпаймоии идона гузаронида шуд.
Пас аз роҳпаймоӣ раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ бо аъзои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар пояи Парчами миллӣ дар шаҳр, гулчамбар гузоштанд.
Сипас раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ тамоми меҳмонон ва иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки дар таърихи парчамдории тоҷикон «Дирафши Ковиён» ҷйгоҳи махсуси худро дорад. Чуноне, ки медонем «Дирафши Ковиён» дар рафти шуриши эрониён, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, ба вуҷуд омадааст. Шуришро Коваи Оҳангар сардори намуда, таҳти дирафше, ки онро аз пешдомани чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Таҳти ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Зери ин мақсад Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ кунад.
Қайд бояд кард, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст, ки тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11-уми декабри соли 1999 ба қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 892 тасдиқ шудааст. Мо ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Инчунин дар чорабини Компазитсияи идонаи омодакардаи бахши фарҳанги шаҳри Левакант манзури меҳмонону тамошобинон гардонида шуд.
Дар ҳамин фазои идона бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҳаҷвнигорони шинохта Бахтиёр Раҳимов, Ташриф Халилов ва ҳунарманди шинохтаи тоҷик Зиёвиддини Нурзод даъват шуда, чорабинии идонаро боз ҳам гуворо гардониданд.