РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МОҲИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он Президентӣ мебошад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муқаррар гардидани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрую нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Воқеан ҳам, хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ ва Истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.
Дар воқеъ, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Ҳамин аст, ки бо пушти сар гузоштани ҳар сол дарк ва шинохти мардум аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақона, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиштагии Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Тавре маълум аст, дар як давраи басо душвор ин марди олиму оқил ва фозилу хирадманд давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот додаву мардумро атрофашон мутаҳҳид сохта, дар кишвар фазои оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату якдилиро ҳукмрон намуданд.
Ба ин хоти Рӯзи Президентро бори дигар ба тамоми мардуми кишварамон табрик мегӯем.
Рӯзи Президент муборак!
Ҷаҳонгири Бобоҷон-директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант.