КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Имрӯз 16-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант, Конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, масъулини бахши маорифи шаҳр, омӯзгорон ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок карданд.
Мудири бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло дар оғоз тамоми иштирокдоронро ба Рӯзи президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар» маърӯза намуд.
Сипас омӯзгорон дар хусуси хизматҳо ва ҷонисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва нақши таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.
Дар марӯзаҳо гуфта шуд, ки муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида дар ҳамон вақт ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр Компазитсияи идона ва шеъру суруду тарона дар васфи ватану Тоҷикистон манзури иштирокдорон гардонида шуд.