ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКОН ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ягон гуруҳ, миллат ва халқ бе роҳбар ва сарвар бардавом буда наметавонад. Яке аз падидаҳои нав дар илми ҳуқуқшиносии муосир ин падидаи президент ба шумор меравад. Президент ин савари умумии халқ ё миллати муайян мебошад, ки манфиатҳои халқу миллатро намояндагӣ ва ҳимоя мекунад.
Дар таърихи ҳар як халқу миллат шахсият ва роҳбароне ҳастанд, ки бо корномаи худ барои роҳнамоии наслҳои оянда ҳамчун чароғ хизмат мекунанд Дар таърихи инсоният, дар инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо бо амри тақдир ашхосе ба миён меоянд, ки ҳамчун роҳнамои мардум боиси сарбаланд, соҳибдавлат шудани онҳо мегардад. Корнамоии ин гуна шахсонро минбаъд шоирону орифон рӯи китоб оварда ҳамчун намуна ва улгу барои наслҳои оянда тақдим мекунанд.
Чи гунае, ки аз таърих маълум аст мо тоҷикон тули ҳазор сол дар ҳудуди давлатҳои гуногун ҳаёт ба сар бурда, аз истиқлолият ва озодӣ сухане гуфта наметавонистем. Охирон давраи давлатдории мо-тоҷикон ин давраи ҳукронии сулолаи Сомониён (солҳои 874-999), аниқтараш давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ мебошад.
Ба таври умумӣ агар гӯем, мо тоҷикон дар давраи давлатдории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (1917-1991) ҳамчун давлати худмухтор (солҳои 1924-1929) ва ҳамчун ҷумҳурии шӯравӣ (солҳои 1929-1991) шинохта шудем ва тобеъ ба ИҶШС будем.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҷумҳуриҳои ҳайати он соҳибистиқлол гардиданд. Ба аксари ин ҷумҳуриҳо ин неъмати таърихи (истиқлолият) бе ягон талошу заҳмат насиб гардид.
Мутаассифона ин неъмат барои халқи тоҷик ба таври осон муяссар нагардид. Халқи тоҷик бо сабаби паст будани шуури ҳуқуқӣ, сатҳи пасти дониши сиёсӣ ва дур будан аз хештаншиносӣ қадри ин неъматро надониста гурӯҳҳои гуногун барои ҳокимият даст ба гиребони якдигар шуданд ва боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Ин бесаводӣ ва шуури пасти ҳуқуқӣ ба халқи тоҷик имкон намедод, ки аз фитнаи бадхоҳони берунӣ огоҳ бошанд.
Бадхоҳони миллати мо аз паст будани фаҳмиши сиёсӣ ва дур будан аз худогоҳии халқи тоҷик истифода намуда, тавонистанд бо ҳар роҳу восита, пеш аз ҳама бо роҳи корбурди неруҳои дохилии ноогоҳ ҳадафҳои хатарзои худро амалӣ созанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихи душманони мо тавонистанд бо корбурд аз майдонбозиҳои мо ба кохи ваҳдати тоҷик рахна ворид созанд, бародарро дар муқобили бародар шӯронанд ва дар як муддати кӯтоҳ “ҷанги шаҳрвандӣ” ё ба ибораи дигар “ҷанги бародаркӯши”-ро ташкил кунанд. Онҳо тасмим доштанд, ки моро бо дасти худамон маҳв намоянд. Гурӯҳҳои гуногун ба вуҷуд омада, даст ба гиребони якдигар буданд. Сарони ин гурӯҳҳо аз худи тоҷикон буданд ва ин имкон намедод, ки душман аз дӯст фарқ карда шавад. Ҷиҳатҳои хатарноки ин хеле зиёд буд ва боиси шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона мегардид. Бадхоҳон ин шароити сар задани ҷангро омода намуданд ва ҳамин буд, ки дар як вақти кӯтоҳ ҷанги “бародаркушӣ” сар то сари мамлакатро фаро гирифт. Ҷанги хонумонсӯз, ҷанги бародаркушӣ. Кам монда буд, ки миллати тоҷик рӯ ба нести биёрад.
Ин ҷанг барои тоҷикон хонавайронӣ, фақирӣ, нодорӣ, гуруснагӣ, муҳоҷират, ба ҳалокат расидан ва хешони наздики худро аз даст додан, норасоии ғизо, сар задани бемориҳо, тарки хонаву ақрабо, рӯ гардондан аз дину мазҳаб ва садҳо фалокати дигар монанди инҳоро ба бор овард.
Рӯзҳое буд, ки кӯдак дар гаҳвора мегиристу модари бечораи ӯ соатҳои дароз барои дарёфти нон дар дари мағозаҳо навбат поида дар ҷустуҷӯи ризқи кӯдак буданд. Фарзандон аз субҳ то шом чашм аз дари хона намеканданд, ба умеде, ки ҳозир ё лаҳзаи дигар падарашон дар дасташ нон аз дари хона медарояд. Аммо, во дареғо, ки баъзан ҷасади онҳоро меоварданд. Вақте, ки шахс аз субҳ то шом ба хона намеомад, умеди зинда монданаш дар шубҳа мемонд. Хатар то он дараҷа зиёд гашта буд, ки шахс агар аз хона ба ягон ҷо сафар мекард, дар киссаи пеш суроғаи хона ва ному насабашро навишта мегузоштанд. Ҳатто ба хешону наздикон ва ҳамсоягон бовари надоштанд. Ҳар лаҳза тарсу ваҳм ва эҳсоси ҳозир аҷал меояд ё лаҳзаи дигар авҷ мегирифт. Аксари мардум ба ин бадбахти тоқат накарда фирор ба давлатҳои ҳамсоя мекарданд. Тақрибан таги 15-20 ҳазор оила гуреза шуда ба давлати Афғонистон рафтанд. Қисми дигари ҷавонон ба Федератсияи Россия ва умумант ҳар касе, ки имкон дошт мамлакатро тарк мекард.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас беному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд.
Хулоса, як мамлакати зебо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд. Дар ҳалли тамоми масъала силоҳ истифод мешуд. Миллате, ки солиёни зиёд дар оғӯши худ ҳазорҳо шоирону орифон ва олимонро парвариш намуда буд, акнун ба як майдони ҷангу хунрезӣ мубаддал гашт. Халқе, ки бо ҳамсояи худ ба мисли бародару хоҳар буданд, якҷо нишаста хӯрок мехурданд, дар дарду ғами ҳамдигар шарик буданд ва бадхоҳон тавонистанд, ки навмедӣ, тарс, ваҳм ва нигарониро ба дили онҳо нисбати якдигар ҷой диҳанд. Ҳар шахсе, ки дар даст силоҳ медошт, ана ҳамон инсони муваффақ ва бобарор буд. Ҳар касе, ки ҷуръат мекард то барои сарҷамъии миллати тоҷик коре кунад ё худро ташкилотчӣ ва пешсаф дар ин корҳо эълон мекард, дар ҳол Ӯро ба қатл мерасонданд.
Дар ин лаҳзаҳои хатар барои мардуми тоҷик, барои миллати бадбахтгашта як роҳбар ва сарваре лозим буд, ки хатарро дар ҷони худ гирифта барои таъмини сулҳ ва сарҷамъ намудани ин халқ ҷони худро фидо кунад. Ягон шахс ҷуръати чунин сарвари ва роҳбариро надошт. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки чунин бори гарони сарнавиштсозро бар дӯши худ гирад. Бар дӯши худ гирифтани ин гарони ва хатарро танҳо он касе метавонист, ки мардонагӣ, ҷасурӣ ва зиракии сиёсӣ насибаш бошад.
Дар он замон барои сулҳ ва сарҷамъии миллати ғамзада ва азобдидаи тоҷик шахсе ба майдони сиёсӣ омад, ки бо зиракии сиёсӣ ва ҳушёриаш сабаби хушбахтии милати тоҷик дар оянда гашт.
Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳангоме, ки дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, яке аз шахсони сиёсатмадори он замон ба Ӯ гуфт: “Шумо дар ин мансаб аз ду ҳафта зиёд намеистед”. Яъне дар он замон шахсе, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирифт ва аз таъмини сулҳ сухан мекард, Ӯро дар ҳол аз ҳаёт маҳрум мекарданд. Баъд аз таъин шудан ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ аввалин бор бо чеҳраи тоҷикона, суханронии тоҷикона аз садоқату вафодорӣ дар оинаи нилгун баромад намуда, дар дили халқи тоҷик сабабгор шуд, ки шамъи умед фурӯзон гардад. Аз суханрониҳои аввалаш маълум буд, ки шахси ҷасур, сиёсатмадор ва сулҳпарвар аст. Халқи тоҷик ба суханони он итминон карданд, Ӯро дӯст доштанд, дар лабонашон заррае табассум ба вуҷуд омад.
Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон тарафҳои даргир ва ҳимоятгарони дохилию хориҷиашон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард ё хоин эълон мешуд ва ё кушта мегардид. Умеди ба даст овардани сулҳ, сарҷамъ намудани гурезагон боқи намонда буд, аммо Эмомалӣ Раҳмон умед бар Худо карда, камари ҳиммат баст то бо нияти созанда ва нек ҳадафи инсондӯстонаашро амалӣ созад.
Кушишҳои пайвастаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ором ва оташбас кардани ин ҷанг равона шуда буд. Аввалин бор дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ оиди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар ин рӯзи муборак Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон интихоб гардид. Бинед, ки дар ин рӯзи таърихӣ якҷоя ҳам Конститутсияи мамлакат қабул гардид ва ҳам Президент аз ҷониби шаҳрвандон интихоб шуд.
10–11 декабри соли 1996 Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин дар Хустдеҳи Афғонистон мулоқоти тақдирсозе доир намуданд. Ин музокирот дар як деҳаи дурдаст баргузор шуд, ки дар он на ҷои хоби мувофиқ буду на барқ дошт. Ҳайатҳои музокироти сулҳи тоҷикон ду шабонарӯз то субҳ музокира карданд ва дар натиҷа протокол дар бораи танзими базаи ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ имзо расид, ки дар натиҷаи он оташбас барқарор шуд ва нерӯҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеъи пештараашон баргаштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот пешниҳод кард, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд Коммисияи оштии миллӣ таъсис шавад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад.
Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори осон набуд.
Бо гузаронидани ҳашт маротиба музокирот бо қувваҳои мухолифин дар давоми чор сол оқибат ба имзои санади тақдирсоз ва оштидиҳанда,, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоти миллӣ дар Тоҷикистон оварда расонид. 1 миллион гурезаи тоҷикро аз кишвари ҳамсояамон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ватан баргардонид. Акнун бистуҳафт сол аз байн сипари мегардад.
Бистуҳафт сол инҷониб мардуми тоҷик ин рӯзро ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз ва таърихӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунанд
Худ қазоват кунед, дар он солҳои “ҷангӣ шаҳрвандӣ”, ки ҳама пур аз фитна ва найранг буд, Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аз байни намояндагони халқ марди боҷасорат, қавииродаву хирадманд ва деҳқонзодаи асил Раиси Шӯрои Олӣ шуд ва баъди ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардани худ ба мардуми кишвар хитоб намуда, таъкид доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ин шахси ҷасур ба ин қавли додаи худ содиқ монда, ба кишвару ватани хеш сулҳу ваҳдати миллиро оварданд.
Дар тӯли 32- соли роҳбариаш (аз солии 1992 инҷониб) Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои пешрафта ва тараққикарда табдил дод. Биноҳои истиқоматии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ баланд бардошта шуд, сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум беҳтар гардид, шаҳрҳо ободу зебо гардонида шуданд ва билохира Тоҷикистон ба яке аз амнтарин мамлакатҳои рӯи ҷаҳон табдил дода шуд.
Оиди ватандӯсти ва мардонагии Эмомалӣ Раҳмон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд – вазири дифоъи Афғонистон дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфта буданд: “Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт”.
Дар ҳақиқат Худованд ҳар як фардро барои ҳар як коре сабаб мегардонад ва “Эмомалӣ Раҳмон- сабабгори сулҳи тоҷикон” гардид.
Президенти Ҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» Бале, дар ваъдаи худ содиқ монд. Мардумро ба ватан баргардонд ва амниятро таъмин кард.
Абдураҳмонзода Шамил Абдураҳмон, муовини прокурори шаҳри Левакант