ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ-МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

.

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба хусус сокинони сарбаланди шаҳри Левакант бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

 

Дар таърих 33 сол муддати чандон тулонӣ набошад ҳам, аммо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шудем.

Бо таъмини сулҳу суббот дар кишвар имрӯз имконият фароҳам омадааст, ки анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳои мардумиро эҳё намоем, ба таърихи гузаштаву имрӯза арҷ

гузорем, хизматҳои арзандаи фарзандони фарзонаи миллатро қадр ва эҳтиром кунем, дар маҷмӯъ сиёсати дохиливу хориҷии худро муайян намоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо мақсади эътироф ва эҳтиром намудани хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 апрели соли 2016 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идҳо» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, рӯзи 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Қайд кардани Рӯзи Президент имрӯз дар як қатор давлатҳои дунё, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико душанбеи сеюми моҳи феврал рӯзи истироҳатӣ буда, аз соли 1885 ба муносибати рӯзи таваллуди Президенти аввалини ин давлат Джордж Вашингтон, дар давлати Британияи Кабир шанбеи дуюми моҳи апрел ба муносибати рӯзи таваллуди Елизаветаи дуюм, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 1-уми декабр ба муносибати дар ин рӯз ба сари мансаб омадани Президенти собиқи он Нурсултон Назарбаев ва дар дигар давлатҳо ҷашн гирифта мешавад.

Мо хуб дар хотир дорем, ки Тоҷикистон ҳануз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дучори душвориҳои зиёд, аз ҷумла ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Душманони миллати тоҷик тавонистанд Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги даҳшатбор кашанд, ки барои ҳифзи ақидаҳои як гурӯҳ падар бо писар, бародар бо бародар дар сангарҳои ҷанг муқобил истода, бар зидди ҳамдигар оташ кушоянд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор куштаву садҳо ҳазор дар давлатҳои ҳамсоя гуреза шуда паноҳ ҷустанд.

Барои гирифтани пеши роҳи ин ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амният, барқарор кардани оқибатҳои ҷанг, иқтисодиёти кишвар ва фарҳангу маънавиёти мардум дар Тоҷикистон сарваре лозим буд, ки қобилияти баланди идоракунӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни одамон ва ташкили фаъолияти якҷояи меҳнатии одамонро дошта бошад.

Яъне, рӯзи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри воқеӣ буда, соли 1992 дар ин рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба кори худ оғоз карда, дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргирро пеш гузошт.

Бо баргузории ин Иҷлосия дар таърихи ташаккулёбии ниҳоди сарварӣ марҳилаи нав оғоз гардид ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ ба арсаи сиёсати калон баромад.

Мактаби сарварии ӯро метавон ҳамчун як мактабе маънидод намуд, ки зина ба зина ташаккул ёфта, дар ҷомеа мавқеъ пайдо намуд.

Ӯ дар марҳилае низоди сарвариро роҳбарӣ намуд, ки мардум ба фардо умед надоштанд.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, тавонист муносибатҳо ва рознамоии ҷомеаро ҷиҳати ба даст овардани мақсад сарбаландона иҷро намояд.

Дар чунин шароити ногувор ва парокандагӣ, ки дар Тоҷикистон ҳукмронӣ мекард, раиси Ш3рои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат изҳор намуд, ки «То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам» ва «Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам!»

Боиси тазаккур аст, ки сабаби аксар ҷангу низоъҳо ин мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад.

Вале, таҷрибае то ҳол вуҷуд надорад, ки соҳиби қудратшудагон онро бо ҳарифи худ тақсим карда бошанд.

Барои ин иродаи қавии сиёсӣ даркор аст, то ки ба ин амал даст зада шавад.

Боиси ифтихор аст, ки сарвари сиёсии мо баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ба ин амали ҷавонмардона даст зад.

Дар чунин давра ба сари кор омадани Эмомалӣ Раҳмон ва дорои хислатҳои зарурии роҳбарӣ будани ӯ, ба мисли ҷасорат, ватандӯстӣ, масъулияти баланди ватандорӣ ва садоқат ба ваҳдати миллӣ барои тезтар ҳал шудани масъалаҳои сулҳи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Сарвари навинтихобшудаи давлат барои мулоқот ва гуфтугӯи бевосита бо роҳбарони иттиҳоди мухолифин ҳар гуна имконияти мувофиқро истифода менамуд.

Ба хотири ваҳдати миллӣ аз ҳар гуна таҳдиди хатарҳо сарфи назар намуда, зарурати қатъи ҷанг ва ба Ватан баргардонидани фирориёнро исбот мекард.

Ҳамватанони гиромӣ!

Хидмати Президентро махсус бояд зикр кард, ки агар ӯ ҷасорат нишон дода, аз хатар наҳаросида, ба Афғонистон ҷињати мулоқот бо сарварони Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик сафар намекард, сулҳи тоҷикон метавонист хеле дер ба даст ояд ва ё амалӣ нагардад.

Барои таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, озодии виҷдон, таъмини идоракунии шаффоф, дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, бароҳандозии барномањои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри 21 сазовор дониста шуданд ва дар рӯйхати 500 нафар мусулмонони дунё ҷой гирифтан, бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки мактаби сарварии имрӯза дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ ва нуфузи қавии байналмилалӣ дорад.

Имрӯз мо ифтихори онро дорем, ки ризоияти миллии тоҷикон, иқдомоти наҷиби Сарвари давлат ҳамчун таҷрибаи бузурги офариниши сулҳ дар сиёсати ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аз ин рӯ бояд ба ин дастоварди оламшумул ҳамеша эҳтиром гузорем, онро таҳкими ваҳдати милливу рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донему ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳем.

Чунки баъд аз ба анҷом расидани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаи хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани муҳоҷирон ба Ватан ва шурӯи музокирот бо иттиҳоди мухолифин равона намуд.

Ин иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якљоягӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.

Хушбахтона, бо азму талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ақлу заковати азалии миллати куҳанбунёду таҳаммулпазири тоҷик масъалаҳое, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд, дар амал татбиқ гардид ва фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун барқарор карда шуда, роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш гирифта шуд.

Таърихи ҳар як халқу миллат бахусус миллати бостонии тоҷик монанди занҷирест, ки раванди ҳодисоту воқеаҳои он аз ҳам гусаста намегардад.

Рӯ овардан ба гузашта ин мунаввар кардани роҳи оянда буда, ҳадаф аз ёдрас намудани хизматҳои Пешвои миллат ин сабақ гирифтан аз таърихи пурфоҷиаи миллат, ба қадри давлати милливу истиқлолияти он расидан, якпорчагии мамлакат ва Ваҳдати бо нархи ҳазорҳо ҷон харидаи миллӣ ва аз дастдарозии ҳамагуна бадхоҳони миллат ҳифз кардани ин дастовардҳои беназир мебошад.

Ин ҳолат аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ба қадри меҳнат ва хизматҳои арзандаи Сарвари азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки дорем бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас донем, ҳифз намоем ва ба камол расонем.

Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.

Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдатамон бардоштаем.

Ҳамдиёрони азиз!

Рӯзи 16 ноябр эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба ҳамаи Шумо, ҳозирини муҳтарам ва ҳамватанони азиз, табрик гуфта, таъкид аз он мекунам, ки ба қадри заҳматҳои Роҳбари давлат расем, бо меҳнати созанда ва кору пайкори накӯ Истиқлолияти кишварро таҳким бахшем, ватани азизу муқаддаси худро дӯст дорем ва талош барои ободию шукуфоии он кунем.

Зинда бод Пешвои муаззами миллат - кафили сулҳу ваҳдат ва ягонагии мамлакат!

Зинда бод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон!

Поянда бод Тоҷикистони азиз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Саломату сарбаланд бошед!
Возможно, это изображение 2 человека, Овальный кабинет, отдел новостей и текст