ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲИ БО ЗАНОНИ ДЕҲОТ

.

12-уми ноябр, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва фаъолон дар деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» ба занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.

 

Дар ин вохӯрӣ масъулин баҳри пешгири аз бегонапарастӣ, пушиши сарту ҳиҷоб ва либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз хурофот, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз экстремизму терроризм, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ, сарфакорона истифодабарии неъруи барқ, самаранок истифодабарии замин, тозагию ободонӣ бо сокинони деҳа фаҳмондадиҳи карданд.

Бояд гуфт, ки чунин корҳои таблиғотӣ аз тарафи гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамарӯза идома дошта, масъулин кушиш менамоянд, ки тамоми дастуру супоришҳоро бо халқ дар якҷоягӣ иҷро намоянд.