«КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ»

.

Таҳти чунин унвон 1-уми ноябр, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии томактабии №1-и шаҳри Левакант, Конференсия гузарониданд.

 

Дар Конференсия масъулини соҳаи маориф, раҳбарияти муассиса ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Мурраббиён дар мавзуҳои «Конститутсияи Тоҷикистон бахтномаи миллат», «Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин конститутсияи ҷаҳон», «Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар таҳкими адолат» маърӯза карданд.

Дар идома қисмати бадеӣ ва фарҳангии чорабинӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.