ҒИЗОИ СОЛИМ ВА САЛОМАТӢ

.

Имрӯз 1-уми ноябр, дар доираи Лоиҳаи USAID "Модари солим, кӯдаки солим" бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби рӯзноманигорону фаъолони ҷомеа дар шаҳри Бохтар, вобаста ба мавзӯи Ғизои солим ва қадпастӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дар Семинар мутахассисон вобаста ба масъалаҳои мазкур маълумоти муфассал доданд.

Сипас тариқи корҳои гурӯҳи масъалаҳои зикршуда мавриди матраҳ қарор гирифт.

Ба рӯзноманигорон пешниҳод шуд, ки ба хотири солимии ҷомеа ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин бора тариқи ВАО ба аҳолӣ маълумоти зарури пешкаш карда шавад.

Омилҳои асосии қадпастиро мутахассисон дар норасоии ғизои солим ва риоя нагаштани таркиби ғизо донистанд.