НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР СОЛИ 2024

.

11-уми январ, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, маҷлиси ҷамъбастии солонаи соли 2024 вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Левакант, баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаробуддинзода Зиёмиддин, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и вилояти Хатлон-Давлатов Муҳаммадӣ, муовини раиси шаҳр, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуюбаъ бахшҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

 

Дар оғоз ҳисоботи муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 бо таҳлилҳои амаиқ пешкаш гардид.

Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ қаблан ба тамоми фаъолону меҳнаткашон барои бо дастовардҳои хуби меҳнати ҷамъбаст намудани соли 2024 сипосгузори намуда, сипас вобаста ба ҳалли камбудӣ ва мушкилоту монеаҳое, ки ҷой доштанд дастуру супоришҳои қатъи дода, таъкид намуд, ки камбудиҳо дар кутоҳтарин фурсат бартараф карда шаванд.

Инчунин Муминзода Мастура Табарӣ ҷиҳати таҳияи нақша-чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳо дода, аз тамоми роҳбарони ташкилоту корхона ва фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки дар таъмини барномаҳои ҳукуматӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлати саҳми назарраси худро гузоранд.