ЛЕВАКАНТ: ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ-СИТОДИ БАР ЗИДДИ МАЛАХ

.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки раиси шаҳр- Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъулини бахши кишоварзӣ, раисони ҷомаҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар минтақаҳои кӯҳӣ ва заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

 

Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ зимнан бо мақсади омодагӣ ба мавсими “Мубориза бар зидди малах”, саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах дар ҳузури намояндаи «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон ба масъулон супориш дода, таъкид дошт, ки дар давоми мавсими мубориза бар зидди малах ба камбудиҳо роҳ дода нашавад.

Бояд зикр намуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешавад.

Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.

Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулон вобаста ба масъалаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии ин ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.