ЛЕВАКАНТ: ДАСТОВАРД МУБОРАК
Дар маҷлиси ҷамъбасти солонаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ки чанде пеш дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор шуд, як қатор ҷавонони фаъол, қдршиносӣ гаштанд.
Ҷаҳонгири Бобоҷон директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, барои фаъолияти нишонрас дар самти варзиш, тарғиби риштаҳои гуногуни варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва таъмини омавияти варзиш дар соли 2024, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва инъикоси васеи чорабиниҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Боисии зикр аст, ки Ҷаҳонгири Бобоҷон аз зумраи ҷавонони фаъоле мебошад, ки дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ ва ҷамъиятӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар самти варзиш бошад ҳамчун мутахассиси соҳа талошҳои зиёд намуда, кушиш менамояд, ки ҳар як дастпарвари муассиса дар мусобиқаҳо бо дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар ин ҷода ба ӯ муваффақияту комёбиҳо орзумандем.