ПАЁМ ВА ҶАВОНОН
Зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии икшвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад».
Ҳамчунин Сарвари давлат бо боварии комил ва ғурури миллӣ ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ҳисобида, ин неъруи тавоноро идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва ободгари ояндаи давлату миллати худ донистанд.
Зимни ироаи Паёми худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои ҷавонон дар ҳама самт ифтихор намуданд. Албатта ин ифтихорот боиси руҳбаландии мо ҷавонон мебошад. Пас ҳар як ҷавони бедордили Ватанро мебояд дар ин фазои орому осоиштаи мамлакат бо саъю талоши худ баҳри пешрафт қадамҳои устувор гузорад. Зеро Пешвои миллат боз ҳам таъкидан иброз доштанд, ки ҳар як пешниҳоди ҷавононро дар самти ободию пешрафти ватани азизамонм минбаъд низ дастгири менамоянд.
Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём иброз намуданд, ки «ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».
Мо ҷавонони ватандӯст, ҳар як дастуру супориши Сарвари давлатро минбаъд низ сармашқи кори худ намуда, бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманди худро мегузорем.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём дар баробари чандин масъалаҳои муҳим аз дастоварду муваффақиятҳо ёдовар шуда, боз ҳам иброз доштанд, ки «мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем. Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад».
Албатта мо ҷавонони кишвар ифтихор аз Сарвари худ мекунем, ки ба мо ҷавонон боварии калон доранду ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд. Дар навбати худ кушиш менамоем, ки ин боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор буда, дар рушду нумуи кишвар нақши худро гузорем.
Ҷаҳонгири Бобоҷон
Директории Муассисаи давлатии
мактаби варзишии шаҳри Левакант