ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ҶАМОАТ ДАР КАБУДИЗОРКУНӢ
Имрӯз 3-юми январ, бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», баҳри иҷрои саривақтии нақшаи кабудизоркунӣ беш аз 300 ниҳоли ҳамешасабзӣ арча харидорӣ гардида, барои шинонидан дар деҳоти ҳудуди ҷамоат тақсим карда шуд. Раисони Кумитаи маҳал мувофиқи тақсимот як миқдори ниҳолони арчаро аз назди бинои ҷамоат бурда дар деҳоти худ шинониданд.
Ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Фарух ин оғози кор буда, онҳо азм доранд, ки дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар баробари ниҳолони ороишӣ ва гулу буттаҳо, боз ниҳолони мевадиҳанда шинонида боғҳои нав низ бунёд намоянд.