Суҳбати муғризонаи ифротӣ
Баъзе гурӯҳҳо ва шахсони тасодуфию манфиатхоҳе, ки на ҷамъият мешиносаду на касе, на бар ҷамъият заруранду на бар хасе бо расонаҳои хабарии хориҷии зери назари хадамоти махсуси кишварҳои маълум мусоҳибаву суҳбатҳо доир намуда, худро як намуд шонисониданӣ мешаванд, дар ҳоле касе намешиносад.
Аз ҷумлаи онҳо Алим Шерзамонов аст, ки худро муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ё ба иборае думрави паймони миллӣ ҳисобида, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ вобаста ба барқарор кардани тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иддаои бемаврид мекунад.
Қаблан ҳам дар ҳаводиси чанд сол пеши шаҳри Хоруғ нақши мардумфиребона ва худхоҳонаи собиқ раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ВМКБ - Алим Шерзамонов хеле рӯшан ба назар мерасид. Вай раҳбарии гирдиҳамомадагонро бар ӯҳда гирифта, худро ба иборае танзимкунанди вазъият меномид. Аммо барои боз ҳам шиддат гирифтани вазъият шароит фароҳам оварданӣ мешуд.
Бояд тазаккур дод, Шерзамонов он ҳаводисро, ки амалиёти боздошти гурӯҳҳои эҳтимолии қочоқбарони маводи мухаддир номбар мешуд ва ба бенизомиҳову эътирозҳо мепечид, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро гунаҳкор карда, худро сафедкунанда нишон медод, ки ба воқеият мувофиқат намекард. Шерзамонов то имрӯз дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият накардаву боз худро нодиру беҳамто тарошида, ҷониби давлату миллати тоҷик санги маломат мезанад. Алим шаҳрванди носипоси Тоҷикистон аст, ки заррае баҳри ободиву сарсабзии миллат накӯшидааст, вале барои мушкилоти нав ба навро эҷод кардан, заминагузорӣ мекунад. Шерзамонов дар он мусоҳиба ба ҳар суол посухи аблаҳонаву бемантиқона медиҳад ва зери таъсири кадом аҷнабӣ фаъолият намуданашро ошкор месозад. Агар вай фитнаангез намебуд, баъди ҳодисаҳои тобистони соли 2012 ҷониби Россия фирор наменамуд. Баъди орому осуда шудани вазъият дар ин минтақа моҳи сентябри соли 2013 рӯй ҷониби Хоруғ овард. Лекин боз аъмоли хиёнаткоронаи худро идома доду, мисли гузашта мардумро ба шӯр оварду ҷониби хоҷаи дигар роҳи гурезро пеш гирифт. Вай ҳатто дониши комили сиёсӣ ҳам надорад, то ҷомеаро идора кунад. Халқ ҳам намехоҳад, ки чун алимҳо аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Ягон кас ҳамроҳи ӯ нест, ғайр аз ду-се ҷавони сархушу гумроҳ. Аксари кулли мардуми Бадахшон хостори қатъи сафсатагӯиҳои Шерзамонов шудаанд. Чунки шахси ба ном ватанпарвару ислоҳотхоҳ вазъияти имрӯзаву гӯзаштаи начандон дурро шарҳ доданӣ шуда, дар гуфтору пешниҳод ва хостаҳояш ба иштибоҳи зиёд роҳ медиҳад. Ӯ бо ин таҳлили нодурусти вазъият мардумро ба гумроҳӣ мекашад, ҳатто фиреб ҳам мекунад. Дар бораи ҳаводиси сохтаю бофтае гап мезанад, ки худаш ба гуфтааш шак меорад. Мақсади вай танҳо халқро сарсону саргардон кардан ва ба шӯр овардан аст. Амалаш танҳо рӯсиёҳӣ ва зишткориҳои ӯро нишон медиҳад. Овозаву дарвозакуниҳои Шерзамонов дар воситаҳои ахбои умум ва дигар расонаҳои интернетиву иҷтимоӣ нишон додани чеҳраи манфури худи ӯст. То ҳол Алим ва ҳамақидагонаш пай набурдаанд, ки агар худи ӯ ва садҳо монандаш гулӯ даронанд ҳам, мардум ба ин гуна нафарони разил эътибор намедиҳанд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз ин худмуаррифисозиҳои сохтаю бофта, лофу газофи бемаврид ва дурӯғин безор шуданд.
Ф. Фаррухзода , коршиноси сиёсӣ