Амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ
Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, терроризми байналмилалӣ ва таҳмили ақидаҳои ғайрианаъанавӣ, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳо дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.
Агар ба ҷаҳони имрӯза назар андозем, қалам ҷойи шамшерро гирифтааст ва халал расонидани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ миёни ҳама гуна низоъҳо гардидааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, мо бояд, роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳам, ин ягона роҳест, ки ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Яке аз сиёсатмадори рус Пиётр Столипин фармуда буд, «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, порӯеро меноманд, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд». Дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой дорад, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки ба манфиатҳои гурӯҳияшон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳонбинии аз эшон фарқкунанда ба мардум маҷбуран таҳмил намоянд. Одатан се навъи ин гурӯҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, ки гурӯҳи аввалӣ ҷонибдори ақоиде, ки бар исломи радикал наздикии бештаре дорад. Дувуми ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар ва сеюмӣ ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ.
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар бештари мамлакатҳои пас аз шӯравӣ барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаҳои мусоид фароҳам омад, вале, мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо дар кишвари мо гурӯҳи аввале, ки дар боло зикр кардем, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иҷтимоии динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси дигаргуниҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳони талош меварзад, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигирад. Аммо чуноне ки шоҳидем, вазъият рӯз аз рӯз вазнинтар шудаистодааст ва сӯистифода аз исломи сиёсӣ мамлакатҳои зиёдро ба ҳоли табоҳ расонидааст. Таъсири ин аз ҷумла ба Тоҷикистони азизи мо расид. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-ум масъулини ин ҳизб мақсади ба сари ҳокимият омаданро дошт ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ ба ҷомеа матраҳ мекард. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гашт, аммо набудани имконияти сари қудрат омадан таввасути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳо кушод. Охирин мақсади онҳо табадулот буд, ки дар охир шикаст хӯрданд. Албатта мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.
Фирдавси Кабир