Хабари Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад, ки 12-уми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи “Хоруғи боло”, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 73, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и КҶ ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, дастгир карда шуд.
Зимни амалиёти дастгиркунӣ аз айбдоршаванда Султоншоев Х.М. 1-адад норинҷаки ҷангии РГД-5 ва миқдори муайяни воситаи нашъадор, инчунин ҳабҳои “экстазӣ” дарёф ва мусодира карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки нисбати айбдоршаванда 9-уми ноябри соли 2020 аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ бо дастрасии моддаҳои 237, қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330, қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №61178 оғоз карда шуда, номбурда расман дар кофтуков қарор дошт.
Султоншоев Х.М. рӯзи 4-уми ноябри соли 2020 бо ҳамроҳии се нафар айбдоршавандагони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта - Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикилобеков Сино Файзалибекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи “Тайота”, бо аломати қайди давлатии 0005АА04 ба дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳозир шуда, нисбати кормандони милитсия, ки вазифаҳои хизматии худро иҷро менамуданд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Дар баробари ин, нисбати дастгиршуда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович 6-уми апрели соли 2020 аз ҷониби ВКД ҶТ бо дастрасии моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даст доштан ба хариду фурӯши воситаҳои нашъадор парвандаи ҷиноятии №38555 оғоз гардида, охирин аз 24-уми феврали соли 2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба Султоншоев Х.М. якчанд маротиба барои ҳозир шудан ба пурсиш расман даъватнома фиристода шудааст. Вале номбурда аз даъват ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барқасдона саркашӣ намудааст.
Нисбати дастгиршуда Султоншоев Х.М. дар Прокуратураи ВМКБ ҳаракатҳои тафтишотӣ идома дорад.