Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт

.

Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро  дигар кардаанду халос. 

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як мусоҳибаи матбуотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар заминаи пайдо шудани ҳизбҳое диние монанди наҳзат гуфта буд, ки: «Дар як кишвар як халифа бас аст ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест». Яқинан чӣ Нӯрӣ ва чӣ Кабирӣ худро халифаи кишвар пиндошта, доим дар андешаи ташкил намудани хилофат дар Тоҷикистон буданд. Ақидае,  ки имрӯз коршиносони умури сиёсат ва дин баён медоранд ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар ягон шароит ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият надошт. Баръакс наҳзатиҳо мудом худро фаротар аз ҳизб дониста, дар хусуси ташкили хилофате монанди ДИИШ дар сар нақшаҳое доштанд ва то  имрӯз дар паи ташкил намудани он талош меварзанд.

Имрӯз аз шунидани номи ДИИШ  пешорӯйи сокинони сайёра қатлу куштор, ваҳшонияту бедодгарӣ сӯйистифода аз номи дини ислом ба назар меояд. Аммо бехабар аз он ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта чунин ДИИШ дар Тоҷикистон пайдо гардида буд. Ҷиноятҳои аввалини он асир гирифтан, куштор ва пора-пора кардани ҷасадҳои одамон буданд.

Шиканҷа ва таҳқире, ки ДОИШ имрӯз пеша кардааст, онҳо ду даҳсола қабл анҷом медоданд. Ихтирои наҳзатиён «бочка-зиндон» ва «бочка-шиканҷа» буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ одамони бегуноҳро ба чунин бочкаҳо андохта, супориш медоданд, ки аз берун ба онҳо бо ашёҳои оҳанин зарба зананд. Ин усулҳои даҳшатноктарини ҷазо, шиканҷа ва қатл, ки ТТЭ ҲНИ ихтироъ кардааст, ки дар он вакт аз ДОИШ дараке набуд, нисбат ба ҳазорон нафар шаҳрвандон истифода шудаанд.

Дар дилхоҳ давлат чунин ҷиноятҳои номатлуби ташкилоти террористиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Дар мисоли худи Аврупо низ 80 сол сипарӣ шуд, вале имрӯз ҳам ҷинояти содиркардаи фашистҳоро набахшидаанд ва дар оянда низ нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои дар боло зикршудаи ТТЭ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ камие надоранд. Фашистон одамонро дар ҳуҷраҳои газӣ мекуштанд ва ТТЭ ҲНИ бошад дар бочкаҳои оҳанин. Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози солҳои 90-ум ихтироъкор ва «таълимдиҳанда»-и бадкирдориҳои ваҳшиёна бар зидди инсоният мебошад ва ДОИШ бошад «шогирд-пайрав»-и серталош. ТТЭ ҲНИ аз оғози мавҷудияташ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии амалҳои он гардида буданд. Ва ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд. Боз кадом далелҳо лозиманд?

Қатлу куштори равшанфикрону зиёиёни кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ барои наҳзатиҳо як амри маъмулӣ табдил ёфта буд. Бо супориши хадамоти махсуси ҶИЭ дар ин муддат шахсиятҳои бузурге ба монанди Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ва даҳҳо тани дигар ки ҳамчун зиёиёни воқеӣ дар ҷомеа шинохта мешуданду монеи  ҷомеаи исломӣ ва исломгароён буданд, бо ташкили актҳои террористӣ нобуд карда шуданд.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашина пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голландия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар паи ин ҳодиса, бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ходимони интизомӣ шаби 29 ба 30 август раҳбари дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейнро дастгир карда, 4 нафари дигар - Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Додситонӣ мегӯяд, ки ин гурӯҳ бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович амал мекард.

Агар ба ҳодисаҳои солҳои қаблӣ назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки гузаронидани актҳои террористӣ аз ҷониби наҳзатиҳои ифротӣ ҳанӯз аз солҳои 90-ум «мерос» мондааст. 13 июли соли 1993  силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба постгоҳи марзии 12-и дастаи сарҳадии Москваи Гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Россия дар ҶТ ҳуҷум карда, 25 сарҳадбонро ба ҳалокат расониданд.  Дар давраи аз с. 1994 то 1998 даст доштани аъзои ҳизби исломӣ-ваҳҳобӣ дар шаш ҳодисаи куштори хизматчиёни ҳарбии Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва Бохтар (Қӯрғон-теппа) собит шудааст. Ба ғайр аз ин, 53 хизматчиёни ҳарбии Қазоқистон, ки қарзи хизматии худро дар Тоҷикистон адо мекарданд, қурбонии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ гардидаанд. Ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар ҷои кориаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Фармоишгари ин ҷиноятҳои мудҳиш хадамоти махсуси Эрон буд.

Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангида, дар куштори чандин нафар аҳолии осоишта ва дар ҳамлаи террористӣ ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ғоратгарӣ низ кардааст. Писари ӯ, Убайдов Носирхуҷа дар мактаби динии узви ТТЭ ҲНИ Мирзоев М.А., дар ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст. Ҳамзамон бо падараш, дар солҳои 90-ум, замоне ки ҳанӯз аз ДОИШ ҳарфе ҳам набуд, ӯ ба сафи ТТЭ ҲНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани қасоси падараш шурӯъ кард. Убайдов бо роҳбари қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ «Ҷамоати Ансоруллоҳ» Табаров Амриддин дар робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Убайдов Н.А. дар Эрон зиндагӣ карда, дар муассисаҳои динии шаҳрҳои Зоҳидон ва Хош таҳсил намудааст. Дар урдугоҳҳои тамринии Эрон омӯзиши тахрибкориро гузаштааст. Ҳангоми дар Эрон будан, Убайдов Н.А. фаъолона ба ҷалби ҷавонон аз ҷумлаи шаҳрвандони ҶТ машғул буд. Солҳои 2011-2015, вақте ки  дар шаҳрҳои назди Москва (Одинтсово ва Подолск) қарор дошт, ки он ҷо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба сафи ТТЭ ҲНИ идома медод. Нисбат ба ӯ аз рӯи қ.2-и м.187 (Иштирок дар ҷамъияти ҷиноятӣ)  парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар амалиёти ҳарбии кишварҳои Шарқи Наздик бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ ширкат варзидааст. Ду ҳамсар дорад, ки яке аз онҳо Шарифова М.Т. дар соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» таҳсил кардааст. Ӯ ҳоло дар Ироқ дар маҳбас қарор дорад. Амалҳои гурӯҳи ҷинояткори Абдусамадов Ҳ-ро, ки амали террористӣ содир намуд, Убайдов Н.А. тавассути барномаи “WhatsApp”, на аз ҷои дигар, балки аз шаҳри Хоши Эрон роҳбарӣ мекард.

Ҳолатҳое мешаванд, ки як ташкилоти террористӣ (ДОИШ) масъулияти ҳамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ҲНИ), ба хотири аз ҳастии худ дарак додан, нишон додани қувваи собиқа ва муҳиммияти худ, «васеъ намудани» миқёси ҷуғрофии нуфузи, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни ҳол хадамоти махсуси Эрон бренди ДОИШ-ро ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ истифода бурда, таҳти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуд ва зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва моли ҶИЭ қарор дорад, пинҳон месозад.

Тамоми ҷиноятҳое, ки тӯли фаъолияташон наҳзатиҳои ифротгаро даст задаанд, нақши хадамоти махсуси  Ҷумҳурии исломии Эрон баръало дида мешавад. Тамоми фактҳои  мавҷуда, хоҳу нохоҳ моро ҷониби кишвари Эрон мебарад. Аз ҳамин хотир, барои боз ҳам тира нашудани муносибатҳояш бо Тоҷикистон, Эронро зарур аст, ки аз баҳри маблағгузории ин ҳизби террористиву экстремистӣ ва ташкили фаъолияти тахрибкоронааш алайҳи Тоҷикистон даст бардорад. Дар ҳолати идома ёфтани чунин вазъият, Тоҷикистонро мебояд, ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният аз болои кишвари Эрон ба додгоҳи байналмиллалӣ шикоят барад. То ин ки барои Эрон тибқи кирдорҳои содирнамудааш мувофиқи меъёрҳои байнмалмиллалӣ ҷазо таъйин карда шавад. 

 Нодир Қодир