МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЛОВАТШОЕВ АМРИДДИН БОЗОРОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОХИЯИ РОШТКАЛЪА

.

http://khatlon-ruznoma.tj/uploads/posts/2018-10/thumbs/1540445477_egekgneo.jpg

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЛОВАТШОЕВ АМРИДДИН БОЗОРОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОХИЯИ РОШТКАЛЪА

ТВ«Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ карда, аз худ даст кашидаанд, таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Бояд зикр кард, дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят201адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла:76адад «Автомати Калашников»,3адад «Пулемёти Калашников»,2адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ,40адад «Таппонча»,13адад «Карабин»,66адад дигар намуди силоҳ,38адад норинҷак, зиёда аз5350адад лавозимоти ҷангӣ ва960грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.

22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.

Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:

— 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;

— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;

— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;

— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;

— 200- Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан;

— 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;

— 237- Авбошӣ;

— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Тибқи ин иттилоот, дар қатори саркардаҳои ГМҶ-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ҶТ нисбат ба Аловатшоев Амриддин Бозорович, санаи таваллудаш 21-уми декабри соли 1977, зодаи ноњияи Роштќалъа, сокини дењаи Пастарези ноњияи Роштќалъа, бекор, саркардаи ГМҶ-и н. Роштќалъа, низ огоҳии расмӣ эълон шудааст, ки Протоколи номбурда барои хонандагон замима мегардад.