ИБТИКОР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ЧУНИН БОЯД (дар ҳошияи матлаби Додоҷони Атовуллоҳ)
Расонаҳои наҳзатӣ беш аз пеш аз интишор гардидани матлаби рӯзноманигори варзида ва мухолифи сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон Додҷони Атовуллоҳ хашмгин шуда, нуқтаи назари рӯзноманигорро як навъ хушомаду тамаллуқи навбатӣ унвон кардаанд. Бехабар аз он ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, агарчи мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, дар лаҳазоти ҳассос масъулияти баҳамойии миллӣ ва тафоҳуми мардумиро дарк карда, чандин маротиба аз тариқи саҳифаи худ матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ интишор намуд, ки муҳтавои миллӣ ва мардумӣ доранд.
Ахиран расонаи «Востокнюз» таҳти унвони «Д. Атовуллоҳ дар мубориза бо Раҳмон шикастро қабул кард ва дар дили мухолифон оятҳои яъсу ноумедӣ мехонад» (23 декабри соли 2017) матлаби пурсарусадое мунташир сохт ва дар он рӯзноманигорро ба ҷурми «шикаст дар баробари режими Раҳмон» айбдор намуд. Матлаби востокӣ кӯтоҳ аст, вале дар ин кӯтоҳӣ муҳтавои найранги наҳзатӣ ниҳон аст. Ба ин маъно, ки наҳзатиён аз сари мизи музокира нишстани яке аз лидерони бонуфузи мухолифин Додоҷони Атовуллоҳ бо Ҳукумат изҳори нигаронӣ мекунанд ва барои он ки ин нигарониро рафъ созанд, рӯзноманигорро бо гуноҳҳои гуногун айбдор менамоянд, то бохти худро ҷуброн созанд. Барои рӯшанӣ андохтан ба матлаби Д. Атовуллоҳ ба чанд нукта мебояд таваҷҷуҳ кард:Â
Аввал, Д. Атовуллоҳ ҳоло ҳам дар мақоми мухолиф қарор дорад ва ба ҳукумат хушомаду тамаллуқе накардааст ва ҷиҳати нармиши муносибот роҳи муколимоти созандаро пеш мегирад. ИН амали ҷавонмардона аст дар баробари фаъолияти наҳзатӣ, ки дар хориҷ аз бечоранолӣ кор гирифта, дари созмонҳои байналмилалиро барои дарёфти кумаки молию пулӣ мекӯбад, то ба баҳонаи мухолифат бо хукумат музде дарёфт намояд ва шиками наҳзатиёни фирориро сер кунад.Â
Дуюм, Атовуллоҳ бо ин амалаш нишон дод, ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори миллист ва барояш нангу номуси миллӣ ва шарафи инсонӣ аз сиёсату сиёсатбозиҳои иғвогарона ҳазорон бор бартару болотар аст. Ин корро на ҳама кас карда метавонад. Бо он ки Атовуллоҳ дар хориҷ аз кишвар таҷрибаи зиёди корӣ ва сиёсӣ андӯхтааст, ба ватан баргаштан ва бо ҳукумат сари мизи гуфтушунид истоданро ҳадафи миллӣ ва инсонӣ қарор дода, дар пайи ба ҳам овардани миллат ва мардум, новобаста аз тафаккуру дидгоҳ ва миллияту халқият гом мебардорад. Агар ин кори шарафмандона шикаст бошад, вой бар ҳоли наҳзат ва сардамдорони он, ки як умр шикастхӯрдаанд.
Сеюм, расонаҳои наҳзатӣ, албатта, бо дастури раҳбарияти фирории ҲНИТ ба он мекӯшанд, ки ин кори Атовуллоҳро фоҷиаи миллӣ нишон бидиҳанд ва ӯро миёни мухолифин симои дурӯя ва манфиатхоҳ талаққӣ кунанд. ҲНИТ-ро фаҳмидан мумкин аст, зеро ки бо рафтани Атовуллоҳ аз тими мухолифини наҳзатӣ нуфузи мухолифине, ки аз ҳисоби ҲНИТ ва чанд муҳоҷири раҳгумзада пойин меравад ва ин ниҳоди сиёсии ифротггароро обрӯе дигар намемонад. Ин аст, ки наҳзат тавассути расонаҳо ибтикороти Д. Атовуллоҳро дар робита бо ҳалли мусолиматомези мушкилот ва дар паҳлуи ҳукумат ҷиҳати рушди ватан ва кишвар талош варзидани ӯро заъфу нотавонӣ ва шикаст муаррифӣ месозанд. Бо ин роҳ, ҲНИТ заъфи худро ҷуброн мекунад ва муҳимтар аз ин, нотавониҳояшро пинҳон месозад.
Чорум, бо ҳукумат ва миллат созиш кардан гуноҳ ва шикаст набуда нест. Магар устод Бозор Собир, ки ба ватан баргашт, муртакиби гуноҳе шуд? Ё ин ки бозгашти табиатшинос, файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи миллӣ академик Акбари Турсон аз Амрико бо даъвати Президенти мамлакат шикаст аст? Воқеан, барои наҳзат шикаст аст, зеро дигар наметавонад аз номи ин шахсиятҳои калидии адабу фарҳанги миллӣ истифода кунад ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намояд. Бозгашти устодон Бозор Собир ва Акбари Турсон ва дигар ҳамватанонони мо аз хориҷ бурди миллат ва ватан аст. Аз ин бозгаштҳо трагедия сохтан айб аст(албатта, барои ҲНИТ трагедия аст, зеро аз исми ин шахсиятҳо ба сифати манёври сиёсӣ дигар истифода бурда наметавонад). Баъдан, дар пушти бузургони миллӣ пинҳон шудан ва аз номи онҳо шиор парокандан ҷавонмардӣ нест. Илова бар ин, Атовуллоҳ аз зумраи он шахсиятҳое нест, ки тамаллуқу хушомад занад ва худфурӯшӣ кунад. Навиштаҳои ӯ ҳеҷ гоҳ бар мабнои тарсу ҳарос ва хушомаду тамаллуқ ба тарафе иншо нагардидаанд. Аз ин ҷост, ки паёме, ки рӯзноманигори сиёсӣ Додоҷон Атовуллоҳ ин дафъа ба ҳамватанон додааст, ҷойи ифтихор мебошад. Дарк кардани вазъият, шинохти амиқи мушкилоти ватанӣ ва эҳсоси баланди масъулияти фардӣ рӯзноманигорро ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ водоштаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба хотири манофеи миллӣ ва кишварӣ ба муколима пардохтан камоли инсонист.Â
Панҷум, мо медонем, ки неруҳои мухолиф, минҷумла ҲНИТ дар дохил ва хориҷ ҷиҳати бесамар нишон додани пайкори миллатдӯстона ва хирадмандонаи Додоҷони Атовуллоҳ ҷаҳду талоши фаровон меварзанд. Дар матолиби муғризонаи расонаҳои наҳзатӣ ва наздик ба онҳо ҳамеша нуқтаи интиқод сари нафаронест, ки бо Ҳукумат мадоро мекунанд ва баҳри якпорчагӣ, иттиҳод ва ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор мебардоранд. Рӯзноманигор Д. Атовуллоҳ ошкоро неруи наҳзатиро ночиз донист ва маҳз ин нукта онҳоро алам кард ва аз пайи ниқори иттилоотӣ шуданд. Тарси наҳзат аз ин аст, ки насли ҷавоне, ки бар асари камогоҳӣ ва адами истиқлоли фикрӣ ба тими онҳо пайвастаанд, таҳти таъсири паёми Атовуллоҳ қарор бигиранд ва ба ватан бозгарданд. Баъ чӣ мешавад? Доду войи наҳзатӣ ба созмонҳои байналмилалӣ самарае намебахшад. Ин аст, ки роҳҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравиро ҷустуҷӯ мекунанд, то пеши роҳи паёмҳоеро аз қабили паёми Атоулоҳиро бигиранд ва музахрафоти худро пойдор нигаҳ доранд. Вале ин роҳ, яъне ба давлат ва ҳукумат дасти ба даст ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҷойдошта ва ба ҳусни тафоҳум расидан, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба наҳзатиён ва ҳаммаслакони онҳо писанд нест. Бинобар ин, ҳар навъ кор, ибтикор, ташаббус ва амалеро, ки мунҷар ба ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ мешавад, мухолифини наҳзатӣ қабул надоранд. Аммо Додоҷони Атовуллоҳ бо ибтикороти ахири худ нишон дод, ки бо неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва миллию мардумӣ метавон ба ифоқа расид ва дар доираи муколимоти созанда мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл намуд.
Фаридун Ориёӣ