Имрӯз 19-уми апрел, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи вилояти Хатлон, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят-Давлатов Муҳаммадӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Абдуҷаббор Эмомов, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2024, баргузор гардид.

 

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Абдуҷаббор Эмомов оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант, дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо таҳлилҳои амиқ ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардидаанд ва қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар ва вилояти Хатлон вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мавридди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ҳисобот зикр шуд, ки дар баробари фаъолияти пурсамари меҳнаткашони шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо камбудиҳои ҷузъи ҷой дошта, масъулинро мебояд баҳри ҳарчи зудтар бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар анҷоми ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои саривақтии андоз, иҷрои саривақтии кишти пахта, картошка ва дигар зироатҳо, пешгири ва мубориза бар зиддӣ малах, нигоҳубин ва парвариши ниҳолҳои шинонидашуда, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, пешгири аз бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар аёми иду маросимҳо ва инчунин оид ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ инчунин оид ба дигар камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушахас дод.

Ҳамзамон ӯ ба роҳбарони ташкилоту корхона ва фаъолону меҳнаткашони шаҳр таъкид намуд, бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша баҳри ободии шаҳр ва ба ин васила ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.