Меҳнаткашони шаҳри Левакант, бахшида ба ҷашни Сада, ки имрӯз 25-уми январ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардид, ҳунару дастраҷи худро манзури меҳмонону тамошобинони чорабинӣ гардониданд.

Дар ин чорабинии аҷдодӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳо, занону бонувони фаъол ва ҳунармандони бахши фарҳанг иштироку ҳунарнамоӣ карданд.

 

Боиси зикр аст, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.