24-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзадҳои пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бо интихобкунандагони ҳавзаҳои муайянгашта дар ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.

 

Шоҳиён Саъдулло-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №18, Ғуломзода Ҷамшед-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №16, Гашов Қобилҷон- номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №17, бо интихобкунандагони худ вохурӣ намуданд. Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз тарафи шахсони боваринокашон муарифӣ карда шуд.

Номзадҳои пешбаригардида дар назди халқ баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда доданд, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии онҳо ҳиссаи худро мегузоранд.