Имрӯз 27-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр гузаронида шуд.

Дар оғоз Муминзода Мастура Табарӣ барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз ба тамоми фаъолон изҳори сипос намуд. Сипас ба масъулин вобаста ба идома бахшидани чорабиниҳои Наврӯзӣ дар сатҳи баланд, бо риояи суннатҳои Наврӯзӣ дар ҳамаи деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тибқи дастуру супоришҳои то 20-уми апрел супориш дод.

 

Инчунин ба тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар ҳафтаи ҷорӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, иҷроиши онҳоро то охири ҳафта ба масъулин вогузор намуд.

Иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои босифати нақшаи буҷети маҳаллӣ, иҷрои нақшаи шудгори замин ва кишту кори баҳорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозагию кабудизоркунӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо усули фардии Хона ба хона, дар асоси дастуру супоришҳо ва дигар корҳои идеологӣ аз масъалаҳои муҳими маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр мебошад, ки масъулин дар ин самт муваззаф гардиданд.