Масъулин ва мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО, дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақшаи муштараки корӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб корҳои таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ мондаанд.
Дар доираи ин тадбир, масъулин вобаста ба пешгири аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, одатҳои бад, нашъамандӣ, майзадагӣ, пешгири аз паҳншавии бемории сироятии ВНМО ва пешгирии аз тамоми бемориҳои сироятӣ бо ҷавонон ва дигар сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Чунин чорабинӣ ва вохурию фаҳмондадиҳӣ чанд вақти охир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии қаламрави ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” ва ҷамоатҳои деҳоти “Ваҳдат”-у “Гулистон” бо ҷалби мутахассисон гузаронида шуд.
Ҳамзамон як вохӯрӣ бо ҷавонони даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ, ки дар курси кутоҳмуддати ронандагии КШ ТҶММ-и шаҳри Левакант, таълим мегиранд гузаронида шуд.
Гурӯҳи корӣ зимни фаҳмондадиҳӣ иброз доштанд, ки ҷавонон неъруи бузургу созандаи миллат ҳастанд, ояндаи давлат низ дар дасти ҷавонони мо мебошад. Аз ин хотир бояд ҳар як ҷавони бедордили Ватан ба омилҳои номатлуб, одатҳои бад даст назада, бештар ба варзиш, омӯзиши имлму дониш машғул гарданд.



