Имрӯз 14-уми март, дар Комисариати ҳарбии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, ҳамчун раиси Комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, бо аъзоёни Комиссияи даъват Ситод гузаронид. Ӯ гуфт, ки бояд дар рӯзи аввали сафарбарӣ мо нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати Модар-Ватан сарбаландона иҷро намоем.
Дар ин Ситод аз ҷониби Комисариати ҳарбӣ гуфта шуд, ки омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, кормандони Комисариат дар якҷоягӣ бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мизҳои ҳарбӣ ва дигар фаъолон корбари карда истодаанд. Инчунин гуфта шуд, ки чун даъвати сипарӣ, шаҳри Левакант дар рӯзи аввал нақшаи даъватро сарбаландона иҷро менамояд.
Боиси зикр аст, ки алакай як гурӯҳ ҷавонони ихтиёрӣ дар курси кутоҳмудати ронандагии Кумитаи шаҳрии ТҶММ барои гирифтани шаҳодатномаҳои ройгони ронандагӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳсил карда истодаанду қисми дигари ҷавонон то рӯзи сафарбарӣ ҳамарӯза таҳти назорати Комисариати ҳарбии шаҳр мебошанд.




