Имрӯз 12-уми март, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат» ва «Гулистон»-и шаҳри Левакант бо фаъолон дар мавзуи «Нақши занон дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа» дар фазои боз вохӯрӣ ва суҳбату молоқот анҷом дода шуд.

 

Дар ин вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ-Рудобаи Мукаррам, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳасанзода Шаҳло, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Шурои Маркази исломии Тоҷикистон-Ҳайдар Сафаров, адиби вилояти Хатлон-Амиршоҳи Хатлонӣ, дигар масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва фаъолон иштироку суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Таърихи башар собит намуд, ки чомеа хамеша ва дар хама давру замон ба накши зан ва саҳми вай дар рушди чомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшхои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани точик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Барои дастгирии занону бонувон бо ташаббуси Президенти кишвар аз ҷониби Ҳукумат шумораи зиёди барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо тасдиқ гардида, дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила муайян карда шудааст.

Инчунин саволу ҷавоб ва пешниҳодоти муфид аз тарафи фаъолону сокинони маҳал бо масъулин сурат гирифт.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 21