Мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант-Дилором Каримова ҳамроҳи гурӯҳи кории худ бо сокинони бинои баландошёнаи Сомонӣ 13-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ҷиҳати риояи маданияти шаҳрнишинӣ бо усули «Хона ба хона» суҳбатовхӯрӣ гузаронид.

 

Мақсад аз ин суҳбатвохӯрӣ риояи талаботҳои шаҳрнишинӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ буда, Каримова Дилором ҳамчун шахси масъул ба сокинони бинои баландошёнаи Сомонӣ 13, таъкид намуд, ки бояд маданияти шаҳрнишиниро ҳатман риоя карда, аз рӯйи талабот дар шаҳр зиндагӣ намоянд. Зеро шаҳрнишинӣ тартибу низом, қоида ва талаботҳои худро дорад ва риояи он барои ҳар як сокини шаҳрнишин ҳатми мебошад.

Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки назди биноҳои баландошёнаро тозаю озода нигоҳ дошта, либос ва дигар лавозимоти худро аз панҷараҳо овезон накунанд. Фарзандонашонро дар роҳи дуруст ҳидоят намуда, кушиш намоянд, ки онҳо зебоипарасту ватандӯст ба воя расанд.