ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ АРТИШ
22-юми феврал, дар шаҳри Левакант, бахшида ба 31-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар саҳни Қасри Фарҳанг, варзишгарон, донишҷӯёну хонандагон бо шиору овезаҳои идона ва дастовардҳои худ шаҳрдорӣ ва меҳмононро истиқбол гирифтанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз намоиши ҷавонони шаҳри Левакант дидан намуданд.
Сипас дар толори Қасри Фарҳанг чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин рӯзи фархунда таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кард.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ тамоми иштирокдоронро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуд. Ҳамзамон ба ҳамаи он нафароне, ки дар ташкили сохти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши миллӣ саҳми арзанда гузоштанду имрӯз низ гузошта истодаанд изҳори сипос намуд.
Муминзода Мастура Табарӣ дар баромадаш қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар муддати хеле кутоҳи таърихӣ рушду инкишоф карда, ба ҳомии мустаҳаками марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар ин давраи кутоњи таърихӣ сарбозони Ватан дар роҳи бунёди давлати ҷавон, муътадилгардонии вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизмати беназир намуданд.
Аз ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокории хизматчиёни ҳарбие, ки аз рўзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлоли ватани хеш зоҳир намудаанд, мо ҳамеша сипосгузорем.
Инчунин ӯ дар баромади худ ба ҷавонон ва аҳли толор рӯй оварда гуфт, ки мо бояд пеш аз ҳама ба қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ, Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ, рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангию ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ ба мерос гузоштани онро фаромӯш насозем.
Инчунин дар ҳамин фазои тантанавӣ муовини якум ва муовини раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони соҳа, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши тамошобинон ва меҳмонони чорабинӣ гардонида шуд.