ЛЕВАКАНТ: МҒ КОЛЕҶИ ТИББӢ ИҶТИМОИИ ШАҲР ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

.

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардан ба фаъолияти Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, ба ин Муассиса омаданд.

ЛЕВАКАНТ: МҒ КОЛЕҶИ ТИББӢ ИҶТИМОИИ ШАҲР ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

.

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардан ба фаъолияти Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, ба ин Муассиса омаданд.

ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯч. Зебуннисо 4

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 22 феврали соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯч. Зебуннисо 4 ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ДАР КОРИ ШӮРО ЧИ БАРРАСИ ШУД?

.

21-уми феврал, дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант ва корҳои анҷомдодаи Шӯро дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар кори Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини якуми раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”

.

21.02.2024с

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок доранд.