ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАБАРИИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

.

Таъмини амнияти иттилоотӣ, истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа мавзуи вохӯрии навбатии масъулини шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Маркази технологияи информатсионӣ ва комуникатсияи МИҲД вилояти Хатлон бо ҷавонони шаҳри Левакант буд, ки бо иштироки масъулини ниҳодҳои дахлдор дар толори фарҳангии филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Чунонеки Бобоев Бахтовар-муовини директори МТИК-и вилояти Хатлон зимни баромади худ иброз дошт, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар байни одамон як кори одӣ ба ҳисоб рафта, ҳатто байни кӯдакони хурдсол низ ба назар мерасад. Мутаассифона, қисме аз оилаҳо аз зарари истифодаи телефони мобилӣ бехабар буда ва қисми дигар агар огоҳ ҳам дошта бошанд, одат карда, тез-тез ва бемаврид аз он истифода баранд.

Албатта телефонҳои мобилӣ на танҳо вақти гаронбаҳои мо, балки ақли моро ҳам ба худ ғулом мекунад.

Сардори шуъбаи Раёсати КДАМ дар шаҳри Левакант Ҷураев Ҷонмаҳмад вобаста ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ибрози назар намуда зикр кард, ки телефонҳои мобилӣ имрӯз ба шабакаҳои интернетӣ пайваст гардида, бо паҳн кардани мавзӯъҳои хусусиятҳои ғаразноку беасос нафақат инсониятро ба мушкилоти ҷиддӣ, балки тамоми ҷаҳонро ба ҷанги иттилоотӣ оварда расонидааст. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи ифротӣ ва хоинони миллат ҳадафҳои худро тариқи сомонаҳои интернетӣ амалӣ намуда, ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб мекашанд, ки оқибаташ барои ҷавонону наврасон ва дигар истифодабарандагон танҳо пушаймонӣ меораду халос.

Боиси зикр аст, ки шабакаҳои интернетӣ дар баробари мушкилотҳо ҷиҳатҳи мусбие доранд, ки он ба дасти рости инсоният низ табдил ёфтааст. Лекин ҷиҳатҳои мусбии онро танҳо шаҳси равшанфикр дарк карда метавонад ва онро самаранок истифода намуда, барои пешрафти зиндагии шоистааш истифода мебарад.

Ҳамзамон ба ҷавонон таъкид шуд, ки дар истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ҳушёр бошанду фарҳанги истифодаи дурусти онро риоя намоянд. Зеро як хато дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳаёти инсонро барбод дода ба нести барад.

Агар мо телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро дуруст истифода барем, қоида ва меъёрҳои муайяни истифодабарии онро риоя намоем, метавонем аз зарарҳои он эмин бошем.