ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО

.

Дар пайи корҳои таблиғоти ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроия, Муассисаҳои КАТС ва ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар бунгоҳи тиббии деҳаи «Вахш»-и ҷамоати шаҳрак бо сокинон вохӯрӣ намуданд.

 

Мақсад аз вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳӣ бори дигар ҳушдор намудани сокинони ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб, пешгири аз тероризму эктремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз бегонапарастию тарғиби фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили доғи рӯз буда, ба сокинон таъкид шуд, ки дар ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд. Ва мо бояд, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа саҳми худро гузорем. Инчунин дар хусуси самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, пешгири аз бемориҳои сироятиву мавсимӣ, пешгири аз ғарқшавии ҷавонону наврасон зимни оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ҳангоми гардиши «Хона ба хона» дар деҳаи Вахш тавсияҳо дода шуд.