ЛЕВАКАНТ: “ШОМИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ДЕҲАИ ВАХШ

.

Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо ташаббуси масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” дар деҳаи Вахши шаҳрак чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ва дигар масъулин ба аёдати муйсафеди 101-солаи деҳа Нуралиев Миралӣ рафта аз ҳолу аҳвол ва зиндагияш хабар гирифтанду барги сабзе ҳам тақдим намуда дуояшро гирифтанд. Ҳамзамон бобои Миралиро ба чорабинӣ даъват намуданд, ки ӯ ҳам муштоқи иштирок дар ин чорабини буд.
Сипас дар ҳавлии яке аз сокинони деҳа чорабинӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва дастпухти катбонуҳо ва ҳунари оҳангарию дигар дастранҷи сокинон рангу ҷилои хоса гирифт.
Шоҳиён Саъдулло ба тамоми сокинон ва меҳмонон барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, ҳамагонро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ иброз дошт, ки Истиқлолияти мо ба осонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо бояд ҳар рӯзи онро дар фазои орому осудаи кишвар бо чунин хушнудиҳо паси сар намоем.
Ҳамзамон ҳунармандони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстона таъби иштирокдоронро болида гардониданд, ки дар он кӯдакон, ҷавонон занону духтарон то муйсафеди 101-солаи деҳа рақсиданду хушҳолӣ карданд.