ЛЕВАКАНТ: ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз 29-уми август, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, Маркази ВНМО ва ТТҲС-и шаҳр, бо занону бонувони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», дар бунгоҳи тиббии деҳа вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Мақомоти иҷроия, нисбати пешгирии занону ҷавонон ва наврасон аз ҷиноят, омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофопарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб ва либоси нимурён), таълимоти ғайриқонунии диннӣ, соҳибкасб намудани духтарон, бедор кардани ҳисси милии ҷавонону наврасон ва дигар мавзуоти доғи рӯз баромад намуд.
Инчунин аз тамоми занон даъват ба амал овард, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанду дар таълиму тарбияи фарзанд ҷиддӣ бошанд.
Сипас баҳри пешгирии бемориҳои сироятию мавсими директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр-Акрамова Суман ва дигар мутахассисон фаҳмондадиҳи намуда, таъкид карданд, ки қоидаҳои гигиению санитарӣ ва тозагии шахсиро риоя намуда, ба саломатии худу наздикон диққати махсус диҳанд. Чун аксар бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи беэътибори нисбати тозагӣ сироят мекунанд ва шахси сироятёфта тамоми умр азият мекашад. Аз ин лиҳоз тозагӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Инчунин ба ҳамшираҳои тиббии деҳа таъкид шуд, ки ба саломатии модару кӯдак ва сокинони маҳал диққати махсус диҳанд.
Ҳамзамон аз тарафи МТТҲС-и шаҳр, ба иштирокдорон иттиловарақаҳо тақдим гардид.