33-СОЛИ СОҲИБДАВЛАТӢ МУБОРАК!

.

 
      Сухани табрикии иҷрокунандаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Давоми беш аз се даҳсола аст, ки сокинони кишвари азизамон арзишҳои миллии худро эҳё месозанд ва ба ҷаҳониён хешро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Мусалам аст, ки далели ватандӯстии ҳар сокини кишварамон сарафрозӣ аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва кӯшиш бо мақсади мустаҳкамӣ ва пойдории минбаъдаи он мебошад.
       Аз ин хотир бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи хешро аз таҳти дил дӯст дорем ва талошу имконоти худро бо мақсади пешрафти кишварамон ва гулгулшукуфии он равона намоем.
      Чуноне Роҳбари давлатамон таъкид кардаанд: “Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад”.
      Боварии комил дорем, ки мардуми сарбаланди шаҳри Левакант, вилояти Хатлон ва кишвари азизамон бо нангу номус ва азму иродаи қавӣ дар имрӯзу ояндаи Ватани азизамон нақши созгор гузошта, дар доираи ҷашни бошукуҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муассир хоҳанд гузошт ва обрӯй ва нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боло хоҳанд бурд.
Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистони азизи мо дастоварди ниҳоят пуразиш ва нодири таърихиест, ки таҳаввулоти бузурги сарнавиштсозро ба миён овард ва ба мо сокинон имконият фароҳам гашт, то бо шарофати ин падидаи зиндагисоз имрӯзу ояндаи давлату миллати худро бо муттаҳидӣ зери Парчами миллӣ аҳлона бунёд намоем.
Наҷоти кишвари тозаистиқлол аз парокандагӣ, таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастовардҳои мо дар ин давра мебошанд.
Таърих шоҳид аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери ҳадафи душманони миллат дучори чӣ рӯзҳои сахту сангине будем, аммо хиради азалии миллати таманддунсоз буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳои нек - тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расидем ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон имрӯз ба куллӣ беҳ гардидааст.
Имрӯз кишвари моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар арсаи ҷаҳон мешиносанд ва ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф менамоянд.
Конститутсия ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчам, Нишон ва Суруди миллиро қабул кардем, ки мояи ифтихори ҳар сокини кишварамон мебошанд. Имрӯз боиси ифтихор аст, ки аз минбарҳои баланд Парчами кишвари азизамон парфшонӣ мекунад ва кишварамон бо беш аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Ин ҳама муваффақиятҳои дарҷшуда бемуҳобо самараи истиқлолу соҳибихтиёрии ҷумҳуриамон дар даврони 33-соли соҳибистиқлолӣ мебошанд. Сокинони шарафмандамон роҳи пуршебу фарози беш аз се даҳсолаи пур аз мушкилоту монеаҳо, вале пурифтихори таърихиро муваффақона тай карданд. Ҳадафи ба ёд овардани марҳилаҳои тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он мақсад аст, ки бояд оянда низ муттаҳид буда, ҳифзи дастовардҳои ноилшудаамонро таъмин карда тавонем. Ҳамгон бояд хуб донанд, ки омили расидан ба ҳама гуна дастоварҳоямон ин Истиқлоли давлатӣ мебошад. Аз ин хотир расидан ба қадри ин неъмати бузург-Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як фарди бедордили кишварамон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки дар дунё халқияту миллатҳои зиёде ҳастанд, ки расидан ба истиқлоли давлатиро ҳамчун орзу дар дил мепарваранд.
Мо бояд Ватани хеш – Тоҷикистонро, ки биҳишти рӯи замин аст, сидқан дӯст дорем. Ҳар порча замину обҳои мусаффои он, ки манбаи ризқу рӯзии сокинон ва баракати хонадонамон мебошанд, оиқилона истифода барем.
Бо истифодаи фурсати муносиб кулли сокинони шаҳри Левакант, вилояти Хатлон ва кишвари азизамон ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, дар фаъолият рӯзмарра ва хонадони ҳар яки Шумо саломатӣ, файзу баркат, рӯзгори пурсаодат таманно дорам.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад!
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст