ЛЕВАКАНТ: “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

.

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и ДБССТ дар шаҳри Левакант Мизи мудавар баргузор гардид.
Дар кори Мизи мудавар, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф, директори МДТ “ЛКСК”-Сафарзода Умед, занону бонувони фаъол ва ҷавондухтарон иштирок намуданд.
Эшова Боғигул-иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила чорабиниро оғоз бахшида, ба тамоми иштирокдорон барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос намуда, 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ба аҳли толор шодбош гуфт.
Сафарзода Умед-директори Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК” ба сухан баромада, барои баргузории чунин як чорабинӣ дар шакли Мизи гирд ба ташкилкунандагон сипосгузори намуда, иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст, аз ин хотир бояд мо онро ҳамаҷониба ҳифз намоему дар замири насли ҷавону наврас ҷой кунем.
Ҳамзамон дар мавзуҳои “Нақши Истиқлолият дар рушди ҳунарҳои мардумӣ”, “Дастовардҳои замони Истиқлолият”, “Шаҳди Истиқлолият”, “Ҷавонон ва Истиқлол” омӯзгорони собиқадору ҷавондухтарон маърӯзаҳо намуданд.
Инчунин муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Тоҷиддинов Ориф бо шукргузори аз Истиқлолияти давлатӣ тамоми иштирокдорони Мизи гирдро ба ҷашни фархундаи Истиқлолият табрик намуда, зикр кард, ки дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.