ЛЕВАКАНТ: НАҚША ИҶРО ШУД ВАЛЕ ҶАМЪОВАРИИ ТИЛЛОИ САФЕД ИДОМА МЕЁБАД!

.

16-уми октябри соли ҷорӣ меҳнаткашони шаҳри Левакант, бо иҷрои 100,4 фоизи нақшаи дурнамо, аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ сарбаландона баромадаанд. Вале ҳанӯз дар саҳро пахта фаровон асту баҳри ҷамъоварии тиллои сафед тамоми меҳнаткашон тариқи ҳашар рӯзҳои истироҳатӣ ба пахтачинӣ мебароянд.

Имрӯз 19-уми октябр, дар доираи ҳамин ҳашарҳои дастаҷамъона бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, саноат, фарҳанг беш аз 400 нафар ба саҳро баромада, пайи ҷамъоварии тиллои сафед, дар хоҷагии пахтапарварии “Зарзамини Левакант” ба барзгарон кумак расонида, 1054кг пахта чиданд.

Иҷроиши нақшаи дурнамо маънои онро надорад, ки мо дигар ба ҷамъоварии пахта эътибор надиҳем. Ҳосил, ки фаровон аст мо кушиш менамоем, ки то кураки охирини тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуда ба нуқтаҳои қабул супорем гуфтанд масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Левакант.