ЛЕВАКАНТ- МЕҲМОНДОРИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ»

.

17-уми октябр, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» ҳайати гурӯҳи кории давлати Белоруссия бо роҳбарии Крупко Иван Иванович-губернатори вилояти Гомели ин давлат ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.

 

Меҳмононро дар ҶСК «Азот», иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин бо нону намак ва расму оини меҳмондории тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Ҳайати кории Ҷумҳурии Белоруссия аз технологияи коркарди нуриҳои менералӣ дар ҶСК «Азот» ошно гашта, ба фаъолияти ин коргоҳи бузурги саноатӣ баҳои баланд дода, баҳри робитаҳои минбаъдаи тиҷоратӣ ҳардуҷониб машварат карданд.

Ҳамзамон меҳмононро масъулини шаҳр ба гармхонаҳои ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон» бурда, онҳоро ба фаъолияти хоҷагидории соҳибкорони ватанӣ ошно намуданд.

Ҳайати кории Ҷумҳурии Белоруссия ба тарзи сохт, технология ва парвариши сабзавоту полезии ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон» шинос шуда, содироти маҳсулотро ба кишвари худ дархост карданд.

Намоиши маҳсулоти полезии дар гармхонаҳо истеҳсолшуда, бори дигар таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро ҷалб намуд.