ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз масъулини бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроия, масъулини КИ ҲХДТ-и шаҳр, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо сокинони деҳа доир ба мавзуҳои доғи рӯз вохӯрӣ намуда фаҳмондадиҳӣ карданд.
Сипас ба вазъи давомот ва сифати таълиму тарбияи хонандагони МТМУ №7-и деҳаи Гулистон таваҷҷуҳ намуданд.
Ҳамзамон тариқи усули хона ба хона дар кӯчаву маҳаллаҳо бо сокинон вохӯрӣ намуда, дар самти пешгири аз омилҳои номатлуб, самаранокистифодабарии замин, об ва неъруи барқ, ободонию созандагӣ корҳои таблиғотӣ гузарониданд.