ЛЕВАКАНТ: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ –АСОСИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР.
Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Вобаста ба ин аз ҷониби соҳибкорони ватани дар шаҳри Левакант низ фабрикву корхонаҳои саноати сохта ва истифода дода шуда истодааст.
Пахта яке аз боигариҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад, ин навбат Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант – Олимзода Низора ва мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Хидирзода Маҳмад аз корхонаи пахтатозакунии “Шаҳром-2016” дидан намуда аз рафти кор дар корхонаи мазкур аз наздик шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад. Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим истифодаи тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кишвар, хусусан лоиҳаҳои хусусияти инноватсиониву навоваридошта, муҳиму саривақтӣ мебошанд.