ЛЕВАКАНТ: БОЗИИ ДӮСТОНАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА А. ҶОМӢ БО ҲИСОБИ 12×8 БА ФОИДАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ЛЕВАКАНТ АНҶОМИД

.

Шоми 16-уми октябр, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар яке аз майдончаҳои варзишии шаҳри Левакант, байни дастаҳои футболи шаҳри Левакант ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозии дӯстонаи футбол баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ЗАФАР МУБОРАК-НАҚШАИ ДУРНАМО ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД.

.

16-уми октябри соли ҷорӣ меҳнаткашони шаҳри Левакант, бо иҷрои 100,4 фоизи нақшаи дурнамо, аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ сарбаландона баромадаанд. Ба ин муносибат 18-уми октябр, дар саҳни қасри фарҳанги шаҳри Левакант, чорабинӣ баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

.

Имрӯз санаи 15 октябри соли ҷорӣ вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ яъне саноатикунонии босуръати кишвар, бо аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК “АЗОТ”, доир гардид.

ЛЕВАКАНТ: "АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ"

.

Таҳти чунин унвон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ба якчанд нафар кормандоне, ки аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК “АЗОТ” тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ҒОЛИБОН ОЗМУН МУАЙЯН ШУД

.

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, озмунҳои ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд боғи падару модар” баргузор гашта, ғолиби даври шаҳрии Озмуни “Хушдомани беҳтарин” бонуи ҳунарманду собиқадори шаҳри Левакант-Зебо Баротова бо хонаводаашон ва ғолиби Озмуни “Фарзанд боғи падару модар” оилаи Файзовҳо дониста шуд, ки падару модари хушбахт Файзов Маҳмадулло ва Гулова Нигинамоҳ дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ду фарзанди худ Нуриддину Аҳмадшоҳро бо сари баланд барои хизмати Модар-Ватан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел кардаанд.