МУАЛЛИМ АҚЛ, ШАРАФУ ВИҶДОНИ ҶОМЕА
Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант
муҳтарам Муъминзода Мастура Табарӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
Ҳамдиёрони арҷманд!
Чуноне огаҳӣ доред, ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари мамлакат ҳамчун «Рӯзи омӯзгорон» таҷлил мешавад. Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи Шумо омӯзгорони гиромиро ба ин муносибат табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, хонаи ободу осуда ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои беназир орзу менамоям.
ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ
Таҳти ҳамин шиор имрӯз 5-уми октябр, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ба пахтачини баромада барзгаронро дар ҷамъоварии тиллои сафед кумак карданд.
ЛЕВАКАНТ: АЁДАТ ВА ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР
Бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор маъмурият ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант, омӯзгорони собиқадори худро, ки имрӯз дар бистари бемориян аёдат намуда, бо туҳфагузориҳо қадршиносӣ карданд.
ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОРИ МТМУ №2, АЗ ҶОНИБИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСА
Дар ҳошияи Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант, омӯзгори собиқадори муассиса Степанова Жанна Анатолевна рафта, ӯро ба чунин ҷашнҳои фархунда табрик намуданд.
Ҳамзамон аз номаи колективи омӯзгорон бароят Сипоснома, ширинӣ ва кумакпули тақдим карданд.