Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар пешниҳод гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории ҶТ, аз ҷумла, сиёсти дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли 2024 ҷамбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосӣ муайян карда мешаванд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуд. Дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллат ва давлати милллӣ ба бор омаданд, ки раҳои аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд.
Муфассал
Имрӯз 3-юми январ, бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», баҳри иҷрои саривақтии нақшаи кабудизоркунӣ беш аз 300 ниҳоли ҳамешасабзӣ арча харидорӣ гардида, барои шинонидан дар деҳоти ҳудуди ҷамоат тақсим карда шуд. Раисони Кумитаи маҳал мувофиқи тақсимот як миқдори ниҳолони арчаро аз назди бинои ҷамоат бурда дар деҳоти худ шинониданд.
Муфассал