ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ-ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШ ВА МАСЪАЛАГУЗОРИҲО

.

24-уми феврал, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант, бо пурсиши иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи сипарӣ оғоз гардида, баъди таҳлилу баррасӣ, барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузориҳо карда шуд.

 

Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт ва шукуфоию ободонии Тоҷикистон таъкиди махсус намуданд.

Сипас ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот, иҷрои нақшаи босифати буҷет, омодагии ҷиддӣ бахшида ба ҷашнҳои миллии Рӯзи модар, Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳама самт бо усули фардии «Хона ба хона», кишту кори саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба масъулин тавсия ва дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.