Левакант: Наврӯзӣ дар деҳаи Тоҷикободи ҷ/д «Ваҳдат»

.

Бо омад-омади фасли баҳори ҳуҷастапай ва зиндашавии табиати диёр, дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, чорабинии идонаи Наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» сокинони, занону бонувони деҳа иштирок намуда, истиқбол аз баҳору Наврӯз карданд.

Бонувони ҳунарманди деҳа-таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумиро пешкаш намуданд. Гулдухтаракон бошанд, шеърхонию рақсу бозӣ ва хушҳолӣ карданд.