ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗ

.

Масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, баҳри истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудаанд.

Бо ҷалби дастпарварони Муассиса масъулин хониши сиёсӣ гузарониданд, ки ин як василаи пешгирии ҷавонон аз ҷиноят ва ҷалби онҳо ба варзиш мебошад.

Инчунин мусобиқаҳои варзишии бандкашӣ, гуштингирӣ, дастхобонӣ, гилбардорӣ, футбол, мусобиқаҳои зеҳнии шашкаву шоҳмон ҳамарӯза аз тарафи мураббиёни Муассиса бо ҷавонону наврасон бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла гузаронида мешавад.

 

Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода афзуд, ки мо сатҳи чунин мусобиқаҳоро бештар ба роҳ монда бо ин васила баҳри рушди варзиш, солимии ҷомеа ва пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят саҳм мегузорем.