МОДАР-АЗИЗТАРИН МАВҶУДОТИ РӮИ ЗАМИН

.

Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бахшида ба “Рӯзи модар”

Ҳамдиёрони азиз !

Модар азизтарин мавҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад.

 

Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат, самимият ба зиндагӣ бофта шуда, мароми ӯ дар ҳаёт пояндагии ваҳдату оромӣ, сарбаландию саломатии фарзандон аст.

Басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо “Рӯзи модар” истиқбол карда мешавад. Ҷашни модарон бо баҳор тавъам буда, зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад.

Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.

Таърихнигорону файласуфон, нависандагону ситорашиносон, бостоншиносону олимон, рассомони дунё муҳаббати зан-модарро ба риштаи тафсир кашида, дар асарҳои илмию бадеӣ ва пажуҳишҳояшон модарро оғози ҳама оғозҳо, сарчашмаи зиндагӣ гуфтаанд, ки ҳақиқати воқеӣ аст. Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шуда, симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту меҳанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик дар масири таърих дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру сафо, раҳму шафқат ва равшангари зиндагӣ буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, онҳоро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардаанд.

Таърих бозгӯи он аст, ки бонувони тоҷик дар роҳи таъмини озодию оромӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ ҳамчун гурдофаридон муборизаи шадид бурда, саҳми муносиби худро дар татбиқи сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар гузошта истодаанд.

Яке аз омилҳои асосии рӯзгори бонизом ва некӯаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, ки ҳадафашон беҳбудии зиндагии мардум, баланд бардоштани таълиму тарбияи фарзанд ва рушди устувори амнияти кишвар аст, саҳми бештар дошта бошанд.

Таърихи пурғановати миллати тоҷик корномаҳои занони ватанпарвару қавииродаи худро дар саҳфаҳои китоби худ бо ҳарфҳои зарҳалӣ иншо мекунад. Қобили зикр аст, ки меросгарони Гурдофариду Таҳмина дар ватани аҷдодии мо хело зиёданд.

Қаҳрамонии занони варзишгари тоҷик Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева боиси ифтихор аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намуд ва онҳоро амалӣ карда истодааст.

Ҳадафи ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Дар ҷомеае, ки зан босавод бошад он ҷомеа рӯ ба пешравӣ ва таракқиёт дорад. Зани босавод на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балкӣ дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Агар шахс заминаи боэътимоди тарбияро дар оилаи худ гирифта бошад, ҳеҷ як андешаи ботил наметавонад ба тасмими ӯ дар интихоби роҳ таъсир расонад. Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар шахс ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар оила оғоз меёбад. Чунки оила макони тарбияи маънавию ҷисмонии фарзанд буда, волидайн, аз ҷумла модар дар тарбияи фарзандони хеш масъулияти ҳалкунанда дорад. Фарзанди таълиму тарбиягирифта пеш аз ҳама падару модари худро эҳтиром намуда, обрую эътибори онҳоро баланд мебардорад.

Пайғамбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси худ таъкид намудаанд: «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи онҳонро ба худашон бисупоред». Имрӯз мавқеи занони тоҷикро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбат метавон арзёбӣ намуд. Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод. Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Зеро зан чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон марбут аст.

Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, фарзанду оилаи солим ва зиндагии шоиста буда метавонад.

Зани солим тавлидгари насли солим аст ва солимии ҷомеа боигарии давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Шуморо, модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон-Наврӯзи байналмилалӣ, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Шумо - занону духтарони меҳрубон, гули ҷомеаи мо ҳастед. Бигзор, чун гул чеҳраи шумо ҳамеша хандону шукуфон бошад!

Рӯзи модар муборак!

Саломату сарбаланд бошед!

Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст «асосгузори вахдати милля пешвой миллат, президенти чумхурии точикистон мудтарам момалир рахмон»