Шиносои аз вазъи парваришу нигаҳдории чорво да хоҷагии "Зағертут"

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ, аз вазъи парваришу нигаҳдории чорво да хоҷагии "Зағертут"-и ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" дидан намуд. Бояд гуфт, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 4 ҳазор чорвои майда парвариш меёбад, ки зотҳои гусфанди ҳисорӣ ва маҳаллӣ мебошанд. Мавсими наслгириро низ дар соли ҷорӣ чорвопарварон хеле хуб паси сар намудаанд, ки ин аз таҷрибаи бойи чорвопарварӣ мебошад.

 

Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулин супориш доданд, ки барои хушзоткунии чорво тадбирҳои иловагӣ андешида, беҳтарин гусфандонро парвариш намоянд.