Левакант: Истифодаи самараноки замин аз ҷониби аҳолӣ

.

Ҷиҳати самаранокистифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, перзидентӣ ва дигар заминҳои кишт, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Ф. аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоат, дидан намуданд.

 

Маълум шуд, ки дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва масъулини ҷамоат дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳаи Истиқлол ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиро ниҳоят самаранок истифода бурда истодаанд.

Яке аз калонтарин оилаҳои деҳа Қулдошовҳо, ки аз 4 оилаи алоҳида иборат мебошанд дар заминҳои наздиҳавлигии худ беш аз 30 гармхона бунёд намуда, бодирингу помидор ва дигар сабзавотро кишту парвариш мекунанд. Тавре ки дидем бодиринг алакай ғарқи гул асту ба гуфти деҳқон дар рӯзҳои наздик тайёр мешавад. Дигар намуди сабзавот дар ин гармхонаҳо сабзиши хуб доранд.

Қариб, ки ҳар як хонаводаи ин деҳа дар замини наздиҳавлигии худ гармхона доранду ҳар ваҷаб заминро ниҳоят самаранок истифода мебаранд гуфт раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Султонов Ф. Инчунин ӯ афзуд, ки бозори марказии ш. Левакант ва ҳатто бозорҳои вилояти Хатлонро низ сокинони деҳа бо маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ таъмин месозанд.