КОНФЕРЕНСИЯИ XVI-уми ҒАЙРИНАВБАТИИ ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД.

.

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Конференсияи XVI-уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, ҳайати раёсати Конференсия бо овоздиҳии вакилони конференсия интихоб гардиданд.

Кори конференсияро раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр Сафарзода Шодихон оғоз намуда, вакилонро бо рӯзномаи конференсия шинос намуд. Дар кори Конференисияи XVI-уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Леввкант ду масъала, якум ҳисоботи фаъолияти ФИҶТ дар шаҳр ва дуюм пешбарии вакилон ба Анҷумани XVI-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон барраси ва мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Вобаста ба мавзуи якум, ҳисоботи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр аз ҷониби муовини раиси филиал Исмоилова Шукрона шунида шуд. Ҳамзамон, аъзоёни филиал Расулов Меҳтоҷали ва Наботов Дурандеш ба музокира баромада, андешаҳои худро баён намуданд.

Дар охир, ҷиҳати вусъати фаъолияти корӣ аз ҷониби раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, пурзур намудани корҳои тарғиботӣ ибрози андеша карда шуд.

Кори Конференсияи XVI-уми филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.