ЛЕВАКАНТ: ТАБЛИҒОТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ВАҲДАТ»

.

Ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, имрӯз суҳбат-вохӯрӣ ва корҳои таблиғотиро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунгоҳи тиббии деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» гузарониданд.

 

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ-Саидов Фатҳиддин, иҷрокунандаи мвахифаи мудири бахши кор бо занон ва оила-Боғигул Эшова, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Фарух, муовини роҳбари Муассисаҳои КАТС-и шаҳр ба ҳар як сокини деҳаи Тоҷикобод дар якҷоягӣ ва бо роҳи усули Хона ба хона фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Мақсад аз вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳӣ бори дигар ҳушдор намудани сокинони ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб, пешгири аз тероризму эктремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз бегонапарастию тарғиби фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили доғи рӯз буда, ба сокинон таъкид шуд, ки дар ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд. Ва мо бояд, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа саҳми худро гузорем. Инчунин дар хусуси самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин тавсияҳо дода шуд.

Инчунин раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Фарух ба яке аз сокинони камбизоат ва ниёзманди деҳа дар арафаи Иди Қурбон кумаки яквақтаинаи молиявӣ намуд.